Бақияи умумии қарзҳо дар соли 2014

Январь 21, 2015 12:26

 
Душанбе,  21.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих ).-  «Бақияи  умумии  қарзҳо то  моҳи  декабри  соли  2014 — ум  10,2  миллиард сомониро ташкил дод, ки  нисбат ба  соли 2013  баробари 35,7 фоиз  зиёд  аст», — гуфт  раиси Бонки  миллии  Тоҷикистон Абдуҷаббор  Ширинов дар  нишасти  матбуотӣ, ки  20  январ  баргузор  гардид.
Мувофиқи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми  умумии қарз дар  ҳамин  давра баробари 12,0 миллиард  сомонӣ  буд, ки  нисбат ба  соли  2013  баробари  35,8 фоиз  зиёд  аст. Дар  давраи  ҳисобот  ҳаҷми қарзҳои  пардохтшуда  9,8  миллиард  сомониро ташкил  дода,  коэффитсиенти бозгардонии  онҳо баробари 81,3  фоизи  қарзҳои  дар  ин  давра  додашуда  буд, ки  нисбат ба  соли 2013 баробари  5,2  банди фоизӣ  зиёд  аст. 
Ҳаҷми қарзҳои  хурд  6,2  миллиард  сомониро ташкил дод, ки   нисбат  ба  соли  2013  баробари  29,7  фоиз  зиёд  аст. Аз ҷумла,  ба  минтақаҳои   дурдасти  кӯҳсори  кишвар  ба  маблағи  1 миллиарду  144  миллиону  200 ҳазор  сомонӣ қарзҳои  хурд  дода шуданд, ки   нисбат ба  соли 2013 баробари  27,3  фоиз  зиёд  мебошад.

 

Январь 21, 2015 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид