Баррасии изҳороти ҲКТ аз ҷониби КМИР
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 7 январи соли 2015 8 нафар вакили Анҷумани 31-уми ғайринавбатии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ изҳороти хаттӣ пешниҳод намуданд, ки дар он масъалаҳои риоя нагардидани талаботи Оинномаи ҲКТ ҳангоми даъвати Анҷумани ғайринавбатии ҳизб ва интихоби вакилони анҷуман дарҷ шуда, талаб намудаанд, ки ба ин ҳолатҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.
КМИР гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳамаи вилоятҳо ва баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар масъалаҳои дар ин изҳорот дарҷ гардидаро мавриди санҷиш қарор дод.
Натиҷаи санҷиш рӯзи 10-уми январи соли 2015 дар ҷаласи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо иштироки 5 нафар муаллифи изҳорот, роҳбарияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва баъзе аз аъзои Президиуми Кумитаи марказии ҲКТ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҳангоми аз ҷониби гурӯҳҳои кории КМИР санҷидани масъалаҳои мазкур маълум гардид, ки аз ҷониби кумитаҳои ҳизбии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ талаботи Оинномаи ҲКТ ҳангоми баррасии масъалаҳои даъвати Анҷумани ғайринавбатии ҳизб ва интихоби вакилони анҷуман дар баъзе мавридҳо пурра риоя нагардидааст.
Диққати роҳбарияти ҲКТ ба камбудиҳои ҷойдошта ҷалб шуда, ҳамзамон тавсия гардид, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ меъёрҳои Оинномаи ҳизб бояд пурра риоя шаванд.
Бо назардошти он, ки масъалаҳои пешбарии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи қонунгузории амалкунанда баррасӣ гардидааст, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба хулоса омад, ки масъалаи бақайдгирии номзадҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мувофиқи тартиби умумии муқарраргардида дар ҷаласаҳои ояндаи КМИР мавриди баррасӣ қарор дода шавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






