БМИМТ: арзиши лоиҳа 9,18 млн. доллари ИМА

Январь 13, 2015 16:06

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Душанбе бо иштироки Бунёди  миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишаст директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев ба хабарнигорон оид ба мақсади Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори  коммуналӣ» маълумот дода, аз ҷумла  зикр дошт, ки беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидой ва миёна дар минтақаи фарогири лоиҳа вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, бо роҳи бунёд ва истифодаи якхелаи сифати мувофиқ ва то андозае фарогири инфрасохтори васеи мактабӣ, инчунин ташкил намудан ва омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон (АВО) дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки минтақаҳои  фарогири барнома дар марҳилаи 3-юм 14 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла, А. Ҷомӣ, Хуросон, Бохтар, Ҷиликӯл, Ч. Румӣ, Қумсангир, Вахш, Сарбанд, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Шӯрообод, ва Мӯминобод мебошанд. Лоиҳаи мазкур тавассути маблағгузорӣ иваз кардани 14 бинои фарсудаи мактаби корношоям ба биноҳои нави мактаби аз ҷиҳати хароҷоти энергетикӣ ва истифода ба мақсад мувофиқ ва каммасраф пешбинӣ шудааст, ки дар айни замон барои таҳсил истифода мегарданд.
Арзиши умумии лоиҳа 9,18 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
 
 

Январь 13, 2015 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид