БРО ҳаҷми тахсиси маблағ ба Тоҷикистонро афзун мекунад

Январь 15, 2015 11:51

Душанбе,  15.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Соли  2015 Бонки  рушди  Осиё  (БРО)  ёрии  худро  ба  Тоҷикистон  баробари  қариб  20  миллион  доллари  ИМА  афзун  намуда,  барномаи  солонаи ин  кӯмакро  ба  79  миллион  доллари  ИМА  мерасонад. 
«Бонки  рушди  Осиё  аз  рӯи натиҷаи  арзёбии  нави дастовардҳои  миллӣ ҳаҷми  солонаи  маблағҳои  барои  Тоҷикистон  тахсисдиҳандаро  баробари  20  миллион  доллари  ИМА  афзун  намуда, вале  рақами  ниҳоии  он  вобаста ба  гуфтушунид  бо  ҳукумат  ва  мавҷудияти  маблағ метавонад  тағйир  ёбад», — гуфт  намояндаи доимии  БРО дар  Тоҷикистон Си  Си  Ю.
Тавре  ки  аз  намояндагии  БРО  дар  Тоҷикистон  хабар доданд,  барномаи  кӯмак  дар  соли  2015  барои  дастгирии  рушди  бахши  инфиродӣ,  роҳҳои оҳан ва  захираҳои  об,  ҳамчунин  барои   беҳдошти  вазъи  сармоягузорӣ  истифода  мешавад.
Аз ҷумлаи  79  миллион   доллари  ИМА  20  миллион  он   барои  баланд  бардоштани  сифат  ва  судмандии  таҳсилоти  касбҳои техникии  кишвар  мавриди  истифода  қарор  мегирад. 
20  миллион  доллари  дигари  ИМА  барои  барномаи  дастгирии  буҷа пешбинӣ  шуда,  дар  ҳошияи он  бархе  ислоҳот ҷиҳати  беҳдошти  вазъи  сармоягузорӣ  барои  фароҳам овардани ҷойҳои  корӣ дар кишвар амалӣ  мегардад.
БРО  ҳамчунин  барои  беҳдошти  истифодаи  захираҳои об  ва  мувофиқат  ба тағйири  иқлим  дар  минтақаи обёрии  Чубек лоиҳаеро дар  ҳаҷми  30  миллион  доллари  ИМА таҳия  менамояд. Ҳамчунин  9 миллион  доллари  ИМА  барои  тарҳрезии  лоиҳаи бахши  роҳҳои оҳан  пешбинӣ  шудааст.

Январь 15, 2015 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид