Бунёди чойхонаи миллӣ дар Хуҷанд

Январь 19, 2015 15:22

Хуҷанд, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-То ҷашни Наврӯз-2015 дар шаҳри Хуҷанд чойхонаи миллӣ бунёд хоҳад шуд. Он дар шафати Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ, воқеъ дар маркази шаҳр бо тарҳу усули замонавӣ  сохта мешавад.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ифтитоҳи чойхонаи мазкур дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ ба нақша гирифта шуда, он бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ бо дастгирӣ ва иштироки фаъоли соҳибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳад гардид.
Мувофиқ ба маълумоти раиси шаҳри Хуҷанд, тибқи нақша тамоми корҳои ободониву навсозӣ ва гулзоркунии мавзеи мазкур ва инчунин бунёди чойхонаи миллӣ бояд то 10 март ба анҷом расонда шуда, ҳамзамон барои ороиши доимии атрофи ин мавзеъ зиёда аз 200 намуд гулҳои ороишӣ шинонда шуда, инчунин як мағозаи махсуси фурӯши гулу растаниҳои орошӣ низ сохта мешавад, ки он чун маркази маслиҳатдиҳӣ барои гулпарварон хизмат хоҳад кард.
Раҷаббой Аҳмадзода илова намуд, ки мутобиқ ба нақшаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  то таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонии соли 2015  дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд тамоми  чойхонаҳои мавҷуда таъмиру навсозӣ шуда, дар ин раванд дар 4 маҳаллаи шаҳр низ чойхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. 
 
 
 

Январь 19, 2015 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид