Бунёди майдонҳои боғ дар Восеъ

Январь 31, 2015 10:37

Душанбе, 31.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат бори дигар оид ба амнияти озуқавории кишвар, истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ёдрас шудааст. Кишоварзони ноҳияи Восеъ Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, ба бунёди боғҳои нав, истифодаи самараноки замин камар бастанд. Рустам Азимов, як сокини ноҳияи мазкур ба шинонидани ниҳолҳо оғоз намуда, дар оянда бунёди корхонаи хурди коркарди меваю сабзавотро ба нақша гирифтааст. 
  Рустам Азимов бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ бо фарзандонаш тасмим гирифтааст, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар масоҳати 10 гектар боғи намунавӣ бунёд намояд. Ӯ мегӯяд,  дар ин қитъаи замин сокинони зиёд масоҳати 10 -15 садякзаминиро гирифта кишоварзӣ мекарданд, вале мушкилоти нарасидани оби ирригатсионӣ барои парвариши ҳосили дилхоҳ имконият намедод. Аз ин рӯ бо хоҳиши онҳо ҳукумати ноҳияи Восеъ ба ин сокинон дар ҷои дигар замин ҷудо намуда, қитъаи мазкурро барои бунёди боғ омода сохт. Акнун оилаи Азимовҳо кӯшиш доранд, ки ба воситаи кубур об кашонида, дар баробари боғ дигар намуди махсулоти кишоварзиро низ парвариш намоянд.

Январь 31, 2015 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид