Дар ДСРТ донишҷӯёни 10 кишвари хориҷӣ таҳсил мекунанд

Январь 15, 2015 11:50

Душанбе,  15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи  Достонзода).- «Дар  соли таҳсили 2014 — 2015 — ум 90  нафар  донишҷӯёни  Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон  барои таҳсил  ба донишкадаҳои олии  Русия, Чин, Қазоқистон,  Қирғизистон  фиристода  шуда буданд», —  гуфт   ноиби ректор  оид ба  равобити  байналмилалии ДСРТ  Умед  Мансуров дар  нишасти матбуотӣ. 
Ба  гуфтаи  Умед  Мансуров,  донишгоҳ  барномаи таҳсили  академиро  дар  ҳошияи  лоиҳаҳои Донишгоҳи  шабакавии  ИДМ, Донишгоҳи  СҲШ дар  асоси  дуҷониба бо донишкадаҳои олии мушорикон,  ҳамчунин  аз  рӯи  Барномаи рушди ДСРТ дар  амал  татбиқ  менамояд.
Алҳол  дар  Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон 117 нафар  донишҷӯёни 10  кишвари  хориҷӣ таҳсил  менамоянд.
Ҳамчунин  барои  густариши  рақобатпазирии  донишкадаи  олӣ 9  нафар  омӯзгорони  хориҷӣ  аз  Чин,  Олмон  ва  Федератсияи  Русия  ба ҷараёни таълим ҷалб  шудаанд. Дар соли нави  таҳсил  25 донишҷӯи  хориҷӣ,  аз  ҷумла  16  бакалавр ва 9 магистрант ба  донишкада дохил  шудаанд.
Ёдовар  мешавем, ки ДСРТ  соли  2014  ба ҳайати Лигаи донишгоҳҳои  СААД  ва Донишкадаи байналмилалии  давлатҳои  узви  ИДМ  аз  рӯи бахшҳои  таҳсилоти ҳастаӣ ворид  гардид. 
Имрӯз ин муассисаи  таҳсилотӣ  бо  61 донишгоҳҳои хориҷӣ  равобити ҳамкорӣ  дорад. 

Январь 15, 2015 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид