Дар Маскав нархи патент чанд аст?

Январь 5, 2015 14:47

Душанбе,  05.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).-  Бинобар  ба  мавқеи  иҷро  расидани  талабҳои  нав  барои  патент  ба  даст овардани  шаҳрвандони  хориҷӣ  дар  Федератсияи  Русия  дар  васоити  ахбори оммаи  мухталиф иттилооти  пешакӣ  дар  мавриди  сарфи  маблағҳо  ҳангоми  гирифтани  ҳуҷҷати  иҷозатдиҳанда барои  фаъолияти  меҳнатӣ  пайдо гардиданд. 
Назар  ба  хабари котиби  матбуоти  Намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  Иброҳим  Аҳмадов,  баъзеи  ин   хабарҳо ҳақиқати  воқеии  қоидаҳои навро пурра  инъикос  намекунанд. Дар  асоси  талабҳои нави  қонуни  муҳоҷират  ҳар  минтақаи  Федератсияи  Русия  ҳуқуқ  дорад, ки  пешпардохти  якмоҳаи  фаъолияти меҳнатиро  муқаррар  намояд. 
Мувофиқи  маълумоти  манбаъ,  дар  шаҳри  Маскав  ин  маблағ  4000    рублро ташкил  медиҳад. Ноҳияҳое  низ  мавҷуданд, ки  дар  онҳо маблағи  андози даромади  шахсони  воқеӣ  барои  як  моҳи  кор баробари 2300  рубл мебошад. 
Ёдовар  мешавем, ки  аз  соли нав  дар  пойтахти  Русия  ба  манзури   ҳалли  судманди фаъолият  дар  шаҳри  Маскав Муассисаи  буҷавии  давлатии  «Маркази серфаъолияти  муҳоҷират»  ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ  додани  патентҳоро  ба  ӯҳда  дорад.
Намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР ба  маълумоти  муҳоҷирони  меҳнатӣ —  шаҳрвандони  Тоҷикистон мерасонад, ки барои   гирифтани  патент  дар  шаҳри  Маскав,  ҳамчунин  ба шуъбаҳои Маркази  серфаъолияти  муҳоҷират ба  суроғаи  зерин  муроҷиат  кардан  мумкин  аст: кӯчаи Баррикадная, бинои  4; кӯчаи  Ботаническая, бинои  8; кӯчаи  8 — я Парковая,  бинои 14 а; хиёбони  Ленин,  бинои  123; Карамишевская  набережная,  бинои  14; кӯчаи Маршал  Кожедуб,  бинои  2/1; кӯчаи Братьев Фомченко,  бинои  8; кӯчаи  Судостроительная,  бинои  4;  кӯчаи адмирал  Макаров,  бинои  23, сохтмони  1;  шаҳри Зеленоград,   бинои  347. 
Ҳамаи  муҳоҷирони  меҳнатӣ — шаҳрвандони  Тоҷикистон   ҳамчунин  метавонанд  аз  рӯи  аксари масъалаҳои ҷорӣ ба Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  воқеъ  дар   шаҳри  Маскав  муроҷиат  кунанд.

Январь 5, 2015 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид