Дастаи хонандагони тоҷик дар қатори 7 дастаи беҳтарин

Январь 21, 2015 16:38

Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз 10 то 17 январи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон  олимпиадаи 11-уми байналхалқии Жаутиков  аз фанҳои математика, физика  ва технологияи информатсионӣ доир гардид. 
Бино ба иттилои сухангӯи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов, дар он аз 15 давлат 57 даста, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 30  хонанда аз мактаби Президентии шаҳри Чкалов, литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе, литсейи Президентии шаҳри Турсунзода, литсейи назди филиали Донишгоҳи давлатии  Маскав  ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, литсей- интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии шаҳри Душанбе, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ  Камол, гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» шарафи Тоҷикистонро ҳимоя намуданд. 
Тавре ки манбаъ афзуд, натиҷаи олимпиада нашон дод, ки Меҳрубон Тӯраев — хонандаи синфи 11-и гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» ҷойи аввал, Каломиддин Кличев -хонандаи синфи 11-и литсей-интернати муштараки тоҷикӣ -туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ҷойи дуюм, Фаррух Каримов, Собир Бибизода, Мурод Мирҷалилов, Суҳайли Баҳодурӣ- хонандагони литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе ва Диловар Маҳмудов — хонандаи гимназия-интернати Тоҷикистон-Русия «Ҳотам ва ПВ» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.    Дар  маҷмӯъ, бо гирифтани 1 медали тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба қатори 7 дастаи беҳтарин шомил шуда, сазовори диплом гардид. 
 
 
 
 
 

Январь 21, 2015 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид