Дастгирии соҳибкорон дар Хатлон

Январь 6, 2015 14:55

 
Қўрғонтеппа, 06.01.2015 (АМИТ «Ховар», Муроди Мурод).- Дар шаҳри  Қўрғонтеппа ҷаласаҳои гурўҳи кории Шўрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба  беҳтар намудани  фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаҳо аъзои гурўҳи корӣ, намояндагон аз бахши давлатӣ, хусусӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Чаласаи гурўҳи корӣ масъалаҳои дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ ва омода намудани пешниҳодот вобаста ба ҳалли мушкилот дар дастрасӣ ба манбаҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолиро дар вилояти Хатлон баррасӣ намуд.
Гурўҳи кории мазкур тибқи қарори протоколии ҷаласаи 13 Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ вобаста ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти миллӣ ва дархосту муроҷиати иттиҳодияҳои соҳибкорони вилояти Хатлон ташкил шудааст. Мақсади гурўҳи корӣ гузаронидани чорабиниҳои омӯзишиву таҳлилӣ вобаста ба “Дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ” буда, дар назар дошта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва дастгирии шарикони рушд мушкилоти соҳа омӯхта шуда, пешниҳодоти гурўҳҳои корӣ оид ба бартараф намудани мушкилот дар ҷаласаи навбатии Шўрои машваратӣ мавриди баррасӣ ва қабули тавсияҳо ба сохторҳои дахлдор қарор мегирад.
Зикр гардид, ки ташаббуси мазкур аз ҷониби аъзои Шўрои машваратӣ, намояндаи ташкилотҳои байналмилалӣ — лоиҳаи “Мусоидат ба савдои”-и Барномаи  Рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БРСММ) дастгирӣ ёфтааст.
 
 
 

Январь 6, 2015 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид