Диққати хосса ба таълими кӯдакони дорои имконияти маҳдуд

Январь 5, 2015 15:45

Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати маориф ва илм ба тарбия ва таълими кӯдаконе, ки имконияти маҳдуд доранд, аҳамияти хосса медиҳад, -зикр шуд имрӯз зимни нишасти матбуотии ин вазорат. Дар ҷумҳурӣ 12 кӯдакистони махсуси табобатӣ (санаторӣ) бо фарогирии 3422 нафар кӯдак амал менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 4 адад ва дар шаҳри Душанбе 8 адад чунин кӯдакистон мавҷуд аст.
Вазорати маориф ва илм ислоҳоти соҳаро аз зина оғоз намуда, барои рушди он, пеш аз ҳама фаъолияти худро дар таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа амалӣ менамояд. Дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд. 
Бори аввал дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” дар ҳамкорӣ бо вакилони маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳия гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаи томактабиро муайян менамояд,- гуфт вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид имрӯз, 5-уми январ  зимни нишасти матбуотӣ.

Январь 5, 2015 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид