ДМИТ бо 600 компютер таъмин гардид
Душанбе, 22.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2010 — 2015” донишкада бо зиёда аз 600 компютер, миқдори зиёди принтерҳо таъмин гардидааст. Дар донишкада 9 синфхонаи компютерӣ ва 6 синфхонаи лингофонӣ амал мекунад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев имрӯз, 22 январ.
Бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ дар раванди таълим ва дастрасии омӯзгорону кормандон ба маводи электронии иттилоотию таълимӣ, илмию методӣ курси омӯзишии «Технологияи иттилоотӣ- иртиботӣ дар раванди таълим» барои омӯзгорон ва кормандони донишкада ташкил шуд. Дар машғулиятҳо зиёда аз 160 нафар устод иштирок намуда, нозукиҳои истифодаи технологияи муосирро аз худ намуданд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар муҳайё сохтани ҷанбаҳои меъёрӣ ва ҷуcтуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим, саҳми Шӯрои илмию методии донишкада назаррас буда, дар натиҷаи фаъолияти он соли 2014 8 китоби дарсӣ, 8 монографияи илмӣ, 11 дастури методӣ, 21 васоити таълимӣ ва зиёда аз 600 мақолаву маърӯзаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва чоп шуданд.
Ҳамзамон 492 барномаи таълимӣ ва барномаҳои васеи корӣ(силлабус) муҳокима ва ба чоп тавсия гардид.
Дар нимсолаи дуюми соли 2014 8 маротиба мониторинги сифати таълим, мониторинги истифода аз адабиёти таълимӣ, мониторинги самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва назарпурсиҳо гузаронида шуданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






