Ду медали паҳлавонони тоҷик дар Маккаи Мукаррама

Январь 30, 2015 14:56

Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ, ки дар шаҳри Маккаи Мукаррама (Арабистони Саудӣ) баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик —   Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд. Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. 
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон инчунин хабар дод, ки паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаровдар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус дар шаҳри Могилёв дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Январь 30, 2015 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид