Иҷрои барзиёди пардохти андозҳо дар соли 2014

Январь 19, 2015 15:54

Душанбе, 19.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар соли 2014 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,8% таъмин гардида, ба ҷойи 6 млрд. 923,5 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 7 млрд. 117,1 млн. сомонӣ ворид  шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ бештар аз 193,5 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар соли 2013 воқеан ҷамъоварӣ гардида, ба андозаи 1 млрд. 308,1 млн. сомонӣ, ё худ 22,5% бештар мебошад,-зикр шуд имрӯз дар нишасти хабарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ки дар ҳисоботи солонаи кумита омадааст, вазни қиёсии андозҳои дохилӣ дар ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2014 тибқи маълумоти пешакӣ 15,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 1,3% бештар мебошад.
Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2014 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 113,7%, вилояти Хатлон — 104,2%, вилояти Суғд — 102,2%, шаҳри Душанбе — 102,9% таъмин  шуд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои гуногун нақшаи андоз аз фоида — 93,5%, андоз аз арзиши иловашуда — 98,4%, андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия) — 58,2% ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ — 95,9% таъмин шудааст,- иттилоъ дода шуд дар нишасти хабарии кумитаи мазкур ба хабарнигорон.
 
 
 

Январь 19, 2015 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид