Иштироки Қ. Расулзода дар маросими ба истифода додани хонаҳои гумрукчиён

Январь 22, 2015 12:24

Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар рўзи иди касбии гумрукчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои кормандони Хадамоти  гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баъди шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматии бинои нав ба кори сохтмончён ва ташкилоту  идораҳои дар бунёди бино саҳм гузоштаанд, баҳои баланд доданд.
Тавре  ки таъкид шуд, сохтмони бинои мазкур дар шаҳри Душанбе  бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати ҳафт  моҳ  бо  тарҳу  намои босифати замонавӣ бунёд шудааст. Бинои  нуҳ ошёна аз 56 манзили истиқоматии як, ду, се ва чорҳуҷрагӣ  иборат буда,  ба  шабакаи  мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии худ дар ҳузури  кормандони мақомоти гумрук нақши ин ниҳоди давлатиро дар таъмини  пешрафти  иқтисодию  иҷтимоии  мамлакат бузург арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки новобаста ба мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ дар соли гузашта гумрукчиёни ҷумҳурӣ иҷрои  нақшаҳои ба зимма дошташонро    бо  мувафаққият  таъмин  намуданд. 
Дар охир аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ калидҳои манзилҳои истиқоматӣ ба кормандони собиқадор ва мутахассисони варзидаи мақомоти гумрук, ки асосан аз ҳисоби кормандони  қатории  ин  ниҳод  буданд  супорида шуданд.
 
 
 

Январь 22, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид