Иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи ҷаҳонии Маскав
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз 9 т 13 феврал дар намоишгоҳи «Экспосентр» — и шаҳри Маскав маводи ғизоӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои тавлиди он ба маърази намоиш гузошта мешавад, ки дар он соҳибкорони тоҷик низ иштирок менамоянд.
Дар робита бо ин, охири ҳафтаи гузашта дар Маркази рушди савдо ва дастгирии соҳибкории назди Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд бо роҳбарону намояндагони корхонаҳои вилоят мулоқот анҷом дода шуд.
Иштироккунандагони ин чорабинӣ талабу шартҳои намоишгоҳ, ҳамчунин масоили ташкилиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ бо мусоидат ва дастгирии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ва Палатаи савдо ва саноати кишвар дар ҳошияи лоиҳаи рушди тиҷорат ва дастгирии соҳибкорон, ки онро Ҳукумати Финляндия бо маблағ таъмин менамояд, рӯи кор оварда мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамоиши калонтарини байналмилалии «Продэкспо» дар Русия воқеаи муҳимтарини ҳарсолаи бахши маводи ғизоӣ ва нӯшокӣ маҳсуб ёфта, беш аз 20 сол боз самти рушди саноати хӯроквории кишварро муайян карда, ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ба манзури баланд бардоштани дараҷаи зиндагии истеъмолкунандагони Русия мусоидат менамояд.








Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд






