Ислоҳот дар Оинномаи КФО

Январь 12, 2015 10:08

Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар Конгресси навбатии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки дар Мелбурни Австралия баргузор гардид, ислоҳот барои Оинномаи ин ташкилот тасдиқ шуданд.
Бино ба иттилои ФФТ,  мутобиқи дастурамали қаблии Оинномаи КФО, кишварҳои  иштирокчии мусобиқаҳои конфедератсияи мазкур, мутобиқи асосҳои ҷуғрофӣ ва одобу ахлоқи маданияшон ба чор минтақа: Ғарбӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ-Шарқӣ ва Ҷанубӣ-Марказӣ тақсим мешуданд, ки Тоҷикистон узви минтақаи ахирӣ буд.
Гуфта мешавад, минбаъд минтақаи Ҷанубӣ-Марказӣ аз ду минтақаи алоҳида иборат мебошад. Ба минтақаи Ҷанубӣ: (Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, ҷазираҳои Молдив, Непал, Покистон ва Шри-Ланка) ва ба минтақаи Марказӣ: (Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) шомиланд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба минтақаи панҷуми КФО — минтақаи Марказӣ дохил мешавад.
Ворид намудани ин ислоҳот ба минтақаи панҷум имкон медиҳад, ки дар Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё намояндаи доимии худро дошта бошад ва ин намоянда, бевосита манфиатҳои намояндагони минтақаи Марказиро ҳимоя намояд.
 
 
 

Январь 12, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад