Кинотеатри «Ватан» нав мешавад

Январь 12, 2015 11:17

Душанбе,  12.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- «Кинотеатри  «Ватан» воқеъ  дар хиёбони Рӯдакии шаҳри  Душанбе  мутобиқи Нақшаи  генералӣ  вақтҳои  наздик  аз  байн  бурда, дар  ҷойи  он  бинои  серошёнаи  муосир  бунёд  мегардад,  ки ошёнаи  якуми он кинотеатри  нав  хоҳад  дошт». —  гуфт  раиси  Кумитаи  телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Асадулло  Раҳмон  дар  нишасти  матбуотии  намояндагони   ВАО. 
«То бунёд  шудани  кинотеатри  нав  шумо  метавонед  филмҳоро  дар  кинотеатр  ба номи  А.Ҷомӣ  тамошо  кунед,  —  афзуд А. Раҳмон.
Намояндагони  васоити  ахбори  оммаи  кишвар  аз  намоиши   филмҳои  кинотеатри  «Ҷавонон», ки  рӯбарӯи  Донишгоҳи давлатии   омӯзгории  Тоҷикистон  ба  номи  С.Айнӣ  воқеъ  гардидааст,  изҳори  ташвиш намуданд. Ба  фикри онҳо   филмҳои  кинотеатри  мазкур  ҷавобгӯи   талабҳои Қонуни  ҶТ «Дар  бораи  масъулияти  волидайн   барои таълиму  тарбияи  кӯдакон»  нестанд.
Тавре  ки  журналистон қайд  намуданд,  дар  моддаи  — 8  уми  қонуни  мазкур   зикр  шудааст, ки  «ба  кӯдакон   намоиш  додани филмҳои беҳаёёна  ва филмҳои  дорои  зуҳуроти   зӯроварӣ,  ифротгароӣ  ва  террористӣ  манъ карда шавад».
Асадулло  Раҳмон  ба  саволи   намояндагони  ВАО   дар  мавриди  он, ки  оё  намоиши  филмҳои  кинотеатрҳои  пойтахт,  аз ҷумла  кинотеатри «Ҷавонон» — ро  ягон  касе  назорат  мекунад,  чунин  гуфт:   «ин  кинотеатр аз  баланси  мо  дар  ихтиёри Кумитаи  умури ҷавонон,  варзиш ва  сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   гузошта шудааст ва филмҳоро  дар  ин  муассисаи  фарҳангӣ Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «ИОНА» намоиш  медиҳад». 
Асадулло  Раҳмон  ба қайду  мулоҳизаҳои  намояндагони  ВАО  розӣ  шуда,  ба  сохторҳои  дахлдори  Кумита   дастур  дод, ки вазъи  кинотеатри  мазкурро  тафтиш  кунанд.
 
 

Январь 12, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад