Корманди прокуратура ба даст афтод
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар алайҳи Рустамов Ҷамолиддин Исматуллоевич- мутахассиси шуъбаи кадрҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи иттиҳоми қаллобӣ, сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаи замин парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Ҷ. Рустамов моҳи июли соли 2014 аз шаҳрванд Д. Неъмонов барои 0,07 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди корхонаи «Мармар» 21 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кард, баъди гирифтани 10 000 доллари амрикоӣ ба Неъмонов дар ҳудуди корхонаи «Мармар» -и ноҳияи Рӯдакӣ 0,07 га қитъаи замин дода, гуфтааст, ки дар ин қитъаи замин сохтмонро оғоз намояд. Ба Нуъмонов ваъда додааст, ки баъди анҷом додани сохтмон ва гирифтани маблағи боқимонда 11 000 доллари амрикоӣ ҳуҷҷатҳоро омода карда, медиҳад.
Ғайр аз ин Рустамов аз заминҳои ҶСШК-и «Мармар» барои худ низ 0,04 га қитъаи замин гирифта, худсарона манзили истиқоматӣ сохтааст.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






