Куштори ҳамсари собиқ бо силоҳи шикорӣ
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Ҷӯраев Насимҷон Дадоҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки пештар бо моддаи 135 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, номбурда 19 январи соли 2015, тахминан соати 17.00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш собиқ ҳамсараш Ҷӯраева Назира Абдулқаҳҳоровна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Қайроққумро бо истифода аз силоҳи шикории тамғаи “ИЖ”, қутраш 16-мм., бе рақам, бе соли барориш, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба рӯйяш 2 маротиба тир холӣ кардааст.
Дар натиҷа шаҳрванд Н.Ҷӯраева, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






