Мастчоҳ: Мусодираи автомати АКМС

Январь 28, 2015 10:39

Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар деҳаи Сабағи ҷамоати деҳоти  Лангари  ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд, ки таҳти назорати Комендатураи алоҳидаи сарҳадии «Мастчоҳи кӯҳӣ»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) қарор дорад, 23-юми январи соли ҷорӣ мувофиқи ахбори пешакӣ, аз тарафи сарҳадбонони тоҷик амалиёти махсус оид ба мусодираи яроқи оташфишони навъи АКМС гузаронида шуд. 
Бино ба иттилои Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич, соли таваллудаш 1959, соҳиби 10 фарзанд, истиқоматкунандаи деҳаи Сабағи ҷамоати деҳоти  Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ дар хонааш ғайриқонунӣ яроқи оташфишони навъи АКМС-ро нигоҳ медошт. 
Зимни чорабинӣ шаҳрванд А. В. Сафаров аз омадани сарҳадбонон ба хонааш огоҳ гардида, ба онҳо муқобилият нишон дода, яроқро аз махфигоҳ гирифта, ба ҳаво якчанд тир холӣ кардааст. Сарҳадбонон дар ҷараёни иҷрои амалиёт маҳорати касбӣ нишон дода. ҷинояткорро безарар намуданд. Дар амалиёт касе зарар надидааст.  Дар натиҷа сарҳадбонон аз хонаи шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич як адад автомати тамғаи АКМС, 3 адад тирдон ва  20 дона тирҳои қутбаш 7,62 мм. дарёфт ва мусодира намуданд. 
Дар айни замон шаҳрванд Сафаров Абдураҳим Валиевич дар маҳкамаи муваққатӣ ҷойгир шуда, тафтиш идома дорад.   

Январь 28, 2015 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст