Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия нафақа мегиранд

Январь 9, 2015 15:16

Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ- ин бо суғуртаи иҷтимоӣ ва суғуртаи тиббӣ фарогирии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа,  интихоб ва ташкили модели беҳтарини суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббии  барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастрас ва муфид мебошад, ки ин  масъала  ҳанӯз соли 2013 бояд ҳалли худро пайдо мекард. Ин масъаларо 8 январ иштирокчиёни  ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор доданд. 
 Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ лоиҳаи “Созишнома ба эътирофи якҷояи хулосаҳои тиббӣ оид ба ҳолати саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисоии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС)” таҳия гардида, аз тарафи Комиссияи доимии намояндагон дар назди Иттиҳоди иқтисоии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) тасдиқ гардидааст. Дар айни замон, тибқи ахбори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати мазкур дар сатҳи мувофиқаи байнидавлатӣ қарор дорад.                                         
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Федералӣ “Дар бораи нафақаҳои меҳнатӣ дар  Федератсияи Русия” “Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки доимӣ дар Федератсияи Русия будубош менамоянд, ба нафақаи меҳнатии ин давлат ҳуқуқ доранд”. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳангоми ба синни нафақа расидан ва дар сурати зисти доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳуқуқ доранд соҳиби нафақаи ин давлат гарданд.
“Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз тариқи иҷозат барои кор дар Федератсияи Русия муваққатан кор менамоянд ва маблағҳои заруриро ба фонди нафақаи ин давлат пардохт менамоянд, бинобар набудани созишномаи байнидавлатӣ, аз ин имтиёз маҳрум мебошанд”-иттилоъ дод сухангӯи хадамот Абдуллоҳи Қодирӣ.   
Ба гуфтаи мусоҳиб аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омадааст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафақа ҷиҳати фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нафақа, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба имзо расад.

Январь 9, 2015 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид