Мулоқоти А.Қодирӣ бо нозирони САҲА

Январь 28, 2015 09:47

Хуҷанд, 28.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз раиси  вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мулоқот намуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, мақсади  ташрифи меҳмонон ба вилоят- ин назорат ва иштирок намудан  дар маъракаи интихоботи парлумоние, ки аввали моҳи март баргузор мегардад, мебошад.  Зимни мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо пеш оварда шуда, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Нозирони дарозмуддат то оғози маъракаи сиёсӣ тибқи нақша ба шаҳру навоҳии вилоят сафар карда, бо вазъи ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҷараёни барӯйхатгирии номзадҳо шинос мешаванд ва бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ, номзадҳо, кормандони ВАО, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар масъулини интихобот суҳбату мулоқотҳо доир хоҳанд кард.    Дар рӯзи баргузории интихобот дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи нозирони кӯтоҳмуддат раванди чорабиниро мушоҳида мекунанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки коршиносони байналмилалии САҲА намояндагони 15 кишвари ҷаҳон буда, дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд.        Нозирони байналмилалии САҲА асосан дар 13 ҳавзаи интихоботие, ки дар онҳо номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, корбарӣ хоҳанд кард.  
 
 
 
 
 

Январь 28, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид