Мулоқоти Р.Аҳмадзода бо нозирони интихобот

Январь 29, 2015 14:05

Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро дар ҳайати Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклунд ба ҳузур пазируфт. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳр Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, зимни суҳбат раиси шаҳр меҳмононро  ба Хуҷандшаҳр хайрамақдам гуфта, минҷумла таъкид намуд, ки имрӯз мақомоти маҳаллӣ барои гузаронидани интихобот тамоми шароитҳои лозимиро дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фароҳам овардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 98 ҳазору 720 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, алъон барои дар сатҳи лозимӣ баргузор намудани интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ  корҳои омодагӣ ҷараён дошта, фаъолияти асосии нозирони мазкур  хосатан дар маркази вилоят- ин назорати тамоми равандҳои интихобот дар ҳавзаи № 13-и шаҳри Хуҷанд мебошад. 
Дар анҷоми мулоқот меҳмонон изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории онҳо баҳри таҳкими принсипҳои интихобот мусоидат хоҳад кард.
 
 

Январь 29, 2015 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид