Мусобиқоти боксчиёни Хоруғ

Январь 29, 2015 16:10

Хоруғ,  29.01.2015. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Чанде  пеш  дар  мактаби  варзиши   шаҳри  Хоруғ  мусобиқоти   боксчиёни  ҷавони  шаҳри  Хоруғ  ва   ноҳияҳои  Шуғнону  Роштқалъа   баргузор гардид. 
Дар  Бадахшон   роҳандозии  мусобиқоти   боксчиён  дар  таътили  зимистона анъанаи  хубе  гардидааст.  Бо  ибтикори   раиси  Федератсияи  бокси  вилоят  Хурсанд  Бахталиев  ва ташаббуси    мактаби  варзишии  шаҳри  Хоруғ  мусобиқоти  боксчиён баргузор  мешавад, ки  дар  он мактабиёни  вилоят  иштирок  мекунанд. 
Дар  мусобиқоти  имсола  138  нафар синфҳои  дуюм  ва хатмкунандаи   мактабҳои вилоят иштирок  менамояд. 
Ба  гуфтаи   сармураббии  мактаби  варзишии  вилоят  Гулрух Назарбеков,  солҳои охир  мактабиёну  ҷавонон  ба  бахши  бокси  варзиш мароқ  зоҳир  намуда, садҳо  нафар  мактабиён  кӯшиш  менамоянд, ки  дар  чунин  мусобиқот  иштирок  кунанд. 

Январь 29, 2015 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид