Н. Саид: Мактабҳоро бо китоби бадеӣ таъмин мекунем!

Январь 5, 2015 16:15

 
         Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа  Баҳромзода).-  Маблағи қарзи китобҳо дар соли 2014  пурра баргардонида шуда, чопи навбатии китобҳо  аллакай ба роҳ монда шудааст.  Ин нукта зимни нишасти хабарии Вазорати маориф ва илми кишвар зикр гардид. Нуриддин Саид, вазири ниҳоди мазкур иброз дошт, ки имсол онҳо нақшаи ба чоп расонидани китобҳои бадеиро низ ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи мавсуф то ҳол 10 номгӯй китоби бадеӣ ба табъ расидааст. «110  номгӯй китоби бадеӣ  вобаста ба синни хонандагон рӯйхат  шуда, тарҳрезӣ ва ороиш  гардида, барои чоп тавсия шудаанд»,- иттилоъ дод Нуриддин Саид. 
         10 номгӯй китоби мазкурро  Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон барои чоп ба уҳда гирифтаст ва барои 10 адади дигар  аз  ҷониби Вазорати маориф ва илм тендер эълон   гаштааст,- илова намуд номбурда. Нуриддин Саид инчунин иброз дошт, ки аз ҷониби ниҳоди онҳо рӯйхати китобҳое, ки бояд мактаббачагон ҳангоми таҳсил хонанд, тартиб дода шуда, онҳо дар муддати то 2 сол пурра ба табъ хоҳанд расид.
        Ёдовар мешавем, ки китобҳои бадеӣ вобаста ба синни мактаббачагон  ба нақша гирифта шуда, барои ҳамаи хонандагони аз синфи 1 то 11 пешбинӣ шудаанд.
 
 
 

Январь 5, 2015 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид