Нархи роҳкиро боз боло меравад?

Январь 22, 2015 15:56

Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва «Душанбе нақлиёт хадамотрасон» ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати бознигарии тарофаҳои мусофиркашонии нақлиётҳои шаҳрӣ муроҷиат шуда буд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ  нархномаи пешниҳодшударо тибқи низомнома  оид ба калкулятсияи арзиши аслии ҳамлу нақл  мавриди омӯзиш қарор дод. Тарофаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ аз ҷониби хадамот дар заминаи асосноккунии иқтисодии хароҷот арзёбӣ мегардад ва баъдан қарори ниҳоӣ қабул мегардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ Раҷабзода Абдусамад ироа намуд.
«Овоза дар бораи он ки мо ин нархномаҳоро тасдиқ карда бошем, беасос буда, маълумоти мазкур ҷиҳати муайян намудани ҳадди хизматрасонӣ пешниҳод шудааст ва дар айни ҳол тасдиқ нагаштааст. Мо барои хизматрасонии нақлиёти шаҳрӣ хулосаи хадамотро пешниҳод намудем, ки вобаста ба намуди мошинҳои мусофиркашонӣ манзур шудааст. То ҳол нархномаи мазкур тасдиқ нагаштааст ва мавриди амал қарор надорад»,- гуфт сардори хадамот. 
Раҷабзода Абдусамад афзуд, ки агар дар ин самт ягон қонуншиканӣ ҷой дошта бошад, онҳо тайёранд  онро пайгирӣ намоянд.  
Дар мавриди он ки ҳамаи нақлиёти мусофиркашонии пойтахт нархномаи муайянгардида, яъне 80 дирам ва 1 сомонию 60 дирамро  риоя накарда, 1 сомонӣ ва 2 сомонӣ роҳкиро мегиранд, сардори хадамот, гуфт  ки масъалаи мазкурро  шуъбаи хадамот пайгирӣ намуда, ронандаҳое,  ки  ба чунин амал роҳ додаанд,  натиҷагирӣ шудаанд.  
 
 

Январь 22, 2015 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид