Назорати мақсадноки 340 корхона аз ҷониби ХНДБК

Январь 9, 2015 15:34

Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси  Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо (ХНДБК) дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Салимзода Сиҷоуддин гуфт, ки дар хадамот 1821 корхона ва 12670 иншооти зери назоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 879 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 94 назорати комплексӣ, 340 назорати мақсаднок ва 445 назорати фаврӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта  пешниҳод гардида, муҳлати муайян барои бартараф ва ислоҳи камбудиҳо дода шудааст.
   Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои бақайдгирифташуда 265 ва иншоотҳо 888 ададро ташкил медиҳад. Соли 2014 дар натиҷаи иҷрои ваколатҳо 910 нишондод бо дарҷи 4167 банд ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо пешниҳод гардидааст.
 

Январь 9, 2015 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид