Оғози озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ -2015”

Январь 13, 2015 16:07

Душанбе,13.01.2014. (АМИТ «Ховар», Маҳмудзода Баҳманёр).-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2015” озмун эълон менамояд.
Ба иттилои Афшини Муқим,  сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросиимҳои миллӣ дар озмун нафароне иштирок карда метавонанд, ки забони арабиро балад буда, як маротиба сафари ҳаҷ намудаанд. 
Ҳамчунин аз  довталабон тақозо мешавад, ки аз маносики ҳаҷ  пурра огоҳ  ва малакаи хуби ташкилотчигиву кор бо мардумро дошта бошанд. 
Гуфта мешавад, дар озмуни “Ҳаҷ-2015”  танҳо нафарони синнашон аз 25 то 60 ширкат карда метавонанд. 
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зерин: ариза ба номи раиси кумита,  нусхаи шиносномаи дохилӣ, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4, варақаи шахсӣ, тарҷумаи ҳолро ба кумита ба суроғаи  шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14 пешниҳод намоянд.
 
 

Январь 13, 2015 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид