Патент — қоидаи нави соли 2015

Январь 19, 2015 11:24

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 1 январи соли 2015 дар қонунгузории федералӣ оид ба  фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР тағйироти нав ворид  гардид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар назди шахсони ҳуқуқӣ низ бо патент кор кунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод. 
Низоми нави патент танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо ФР низоми раводид надоранд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад . Патенти нав аз пешин ба кулли фарқ мекунад. Ҳам аз лиҳози муҳлати дархост, ҳам аз  шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми андоз аз даромади шахсони воқеӣ. 
Дар ин бора намояндагони расмии ХФМ Русия зимни нишасти матбуотӣ, ки  16 январ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии вилояти Москва доир шуд,  иттилоъ доданд. Минбаъд барои гирифтани патент муҳоҷири меҳнатӣ бояд Сертификати донистани забони русӣ, таърихи Русия  ва асосҳои қонунгузории ФР, маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемории норасоии масъунияти бадан (ВИЧ), полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ва квитансияи пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро   (НДФЛ) пешниҳод намояд.
«Мувофиқи тартиби нав шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент бояд дар давоми 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ФР ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Агар дар ин муддат муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани патент муроҷиат накунад, он гоҳ аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми ҷарима бештар аз 10 ҳазор рублро дар бар мегирад»,-илова намуд И.Аҳмадов..
Ҳаҷми моҳонаи андози патентро минтақаҳои федералӣ мустақилона муқаррар менамоянд, барои мисол дар Маскав ва вилояти Маскав андози моҳонаи патент 4 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои  ХФМ Русия, андози мазкур дар манотиқи Русия гуногун буда,  қариб дар нисфи минтақаҳои федералӣ ба ҳисоби миёна ба 1800 рубл баробар аст. Афзалияти патенти нав дар он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бо ин ҳуҷҷат метавонад ҳам дар шахсони воқеӣ ва ҳам дар шахсони ҳуқуқӣ, яъне корхонаву  муассисаҳо фаъолият кунад, зеро пештар  барои дар шахсони ҳуқуқӣ кор кардан иҷозати корӣ гирифтан лозим буд.
Барои қулай кардани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар айни замон дар аксар шаҳр ва вилоятҳои Русия  марказҳои  ягонаи муҳоҷиратӣ  таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо барои гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ҷиҳати қонунӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, шароит муҳайё  шудааст. 
Ба гуфтаи И. Аҳмадов ин марказҳо барои хизматрасонии худ маблағи муайян талаб мекунанд. Масалан, дар вилояти Маскав гирифтани патент 22 700 рублро ташкил медиҳад. Дар маркази муҳоҷиратии  Маскав барои чунин ҳуҷҷатҳо муҳоҷири меҳнатӣ 14 500 рубл сарф мекунад.
Мувофиқи қонуни нав патентҳое, ки дар соли 2014 ба расмият дароварда шудаанд ва муҳлаташон  нагузаштааст, то моҳи марти соли 2015 истифода  мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шахрванд маблағи семоҳаи  андози патентро  то 31 декабри соли 2014 супорида бошад. Дар акси ҳол патенти соли 2014 дар давоми як моҳ бояд ба патенти нав иваз шавад. Чун маъмулан муҳоҷирон андози патентро моҳ ба моҳ месупоранд, амалан гирифтани патент дар моҳи январ ва феврали соли равон зарур меояд. Барои гирифтани патенти нав  убури сарҳад  лозим намеояд.
Аммо иҷозатномаи корие, ки дар соли 2014 гирифта шудааст, дар тафовут ба патенти соли гузашта дар соли нав низ то анҷоми муҳлаташ истифода бурда мешавад. Барои гирифтани маълумоти муфассал шаҳрвандони ҶТ метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ, Хадамоти муҳоҷират ва ё Намояндагии Вазорат дар Русия муроҷиат намоянд.
 

Январь 19, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст