Патент — қоидаи нави соли 2015

Январь 19, 2015 11:24

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Аз 1 январи соли 2015 дар қонунгузории федералӣ оид ба  фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР тағйироти нав ворид  гардид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар назди шахсони ҳуқуқӣ низ бо патент кор кунанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР Иброҳим Аҳмадов хабар дод. 
Низоми нави патент танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо ФР низоми раводид надоранд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад . Патенти нав аз пешин ба кулли фарқ мекунад. Ҳам аз лиҳози муҳлати дархост, ҳам аз  шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми андоз аз даромади шахсони воқеӣ. 
Дар ин бора намояндагони расмии ХФМ Русия зимни нишасти матбуотӣ, ки  16 январ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии вилояти Москва доир шуд,  иттилоъ доданд. Минбаъд барои гирифтани патент муҳоҷири меҳнатӣ бояд Сертификати донистани забони русӣ, таърихи Русия  ва асосҳои қонунгузории ФР, маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемории норасоии масъунияти бадан (ВИЧ), полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ва квитансияи пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро   (НДФЛ) пешниҳод намояд.
«Мувофиқи тартиби нав шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент бояд дар давоми 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ФР ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Агар дар ин муддат муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани патент муроҷиат накунад, он гоҳ аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми ҷарима бештар аз 10 ҳазор рублро дар бар мегирад»,-илова намуд И.Аҳмадов..
Ҳаҷми моҳонаи андози патентро минтақаҳои федералӣ мустақилона муқаррар менамоянд, барои мисол дар Маскав ва вилояти Маскав андози моҳонаи патент 4 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои  ХФМ Русия, андози мазкур дар манотиқи Русия гуногун буда,  қариб дар нисфи минтақаҳои федералӣ ба ҳисоби миёна ба 1800 рубл баробар аст. Афзалияти патенти нав дар он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бо ин ҳуҷҷат метавонад ҳам дар шахсони воқеӣ ва ҳам дар шахсони ҳуқуқӣ, яъне корхонаву  муассисаҳо фаъолият кунад, зеро пештар  барои дар шахсони ҳуқуқӣ кор кардан иҷозати корӣ гирифтан лозим буд.
Барои қулай кардани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар айни замон дар аксар шаҳр ва вилоятҳои Русия  марказҳои  ягонаи муҳоҷиратӣ  таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо барои гирифтани ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимӣ ҷиҳати қонунӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ кардани муҳоҷирони меҳнатӣ, шароит муҳайё  шудааст. 
Ба гуфтаи И. Аҳмадов ин марказҳо барои хизматрасонии худ маблағи муайян талаб мекунанд. Масалан, дар вилояти Маскав гирифтани патент 22 700 рублро ташкил медиҳад. Дар маркази муҳоҷиратии  Маскав барои чунин ҳуҷҷатҳо муҳоҷири меҳнатӣ 14 500 рубл сарф мекунад.
Мувофиқи қонуни нав патентҳое, ки дар соли 2014 ба расмият дароварда шудаанд ва муҳлаташон  нагузаштааст, то моҳи марти соли 2015 истифода  мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шахрванд маблағи семоҳаи  андози патентро  то 31 декабри соли 2014 супорида бошад. Дар акси ҳол патенти соли 2014 дар давоми як моҳ бояд ба патенти нав иваз шавад. Чун маъмулан муҳоҷирон андози патентро моҳ ба моҳ месупоранд, амалан гирифтани патент дар моҳи январ ва феврали соли равон зарур меояд. Барои гирифтани патенти нав  убури сарҳад  лозим намеояд.
Аммо иҷозатномаи корие, ки дар соли 2014 гирифта шудааст, дар тафовут ба патенти соли гузашта дар соли нав низ то анҷоми муҳлаташ истифода бурда мешавад. Барои гирифтани маълумоти муфассал шаҳрвандони ҶТ метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии ҶТ, Хадамоти муҳоҷират ва ё Намояндагии Вазорат дар Русия муроҷиат намоянд.
 

Январь 19, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад