Пешбинии беш аз 2 млрд сомонии буҷет барои соҳаи маориф

Январь 26, 2015 12:11

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 буҷети соҳаи маориф дар соли 2015 дар ҳаҷми 2 млрд. 912,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014 қариб 400 млн. (395,7) сомонӣ ё ин ки 15,7% зиёд мебошад. Маблағи мазкур 18,6% буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ  баробар аст.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинишудаи соҳаи маориф барои соли 2015 2 млрд. 461 млн. сомониро маблағҳои буҷетӣ, 308,2 млн. сомониро маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ, 83,8 млн. сомониро маблағҳои грантӣ ва 69,6 млн. сомониро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дар доираи буҷети пешбинишуда баландшавии музди меҳнати кормандони соҳаи маориф (118 млн. сомонӣ) ба инобат гирифта шудааст.

Январь 26, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид