Полки комендантӣ ва саҳми назарраси он
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Соли 2014 барои Полки комендантии Вазорати мудофиа соли бобарор ва пур аз навгониҳо буд. Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, зимни натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли гузашта зикр шуд, ки ҳайати шахсии полки мазкур дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳриявӣ ва дохили Вазорати мудофиа ширкати фаълона карда, вазифаҳои соҳавии хешро дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Илова бар ин, зикр гардид, ки ҳайати шахсии полк, вазифаҳои он қабулу гусели меҳмонони олиқадр, ки бо сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон меоянд, дар пешвози роҳбарони чандин кишвари ба мо дӯст саҳмгузорӣ намудаанд.
Ба зами ин, нигоҳ доштани тартибот дар самти пӯшидани либоси низомӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои ҷангӣ аз корҳое мебошанд, ки дар соли равон дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудаанд.
Дар охири ҷамъомад афсарону сарбозони взводу ротаҳои беҳтарини Полки мазкур аз ҷониби масъули қисми низомии мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Қобили зикр аст, ки Полки комендантии Вазорати мудофиа, соли 1993 дар заминаи Комендатураи ҳарбӣ таъсис ёфта, дар миёни дигар ҷузъу томҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз қисмҳои низомии намунавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳайати Полки мазкур аксаран афсарони дорои маълумоти олӣ хизмат намуда, уҳдадориҳои худро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд ва доим аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа сазовори баҳои аъло мегарданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






