Роҳбарияти ФФТ дар иҷлосияи КФО иштирок менамояд

Январь 5, 2015 14:46

Душанбе,  05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  дар  иҷлосияи Конфедератсияи  футболи  Осиё,  ки  9  январ  дар  шаҳри  Мелбурни Австралия  баргузор  мегардад, иштирок  менамояд. 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  дар  иҷлосия  аз  ҷониби  Тоҷикистон  ноиби  аввали президенти ФФТ  Тоҷикистон  Хуршед  Мирзоев, дабири  кулли федератсия  Ислом  Маҳмадшоев ва ноиби аввали президенти  Федератсияи  футболи  вилояти  Суғд  Хуршед  Ҳақдодов  иштирок  менамоянд.
Намояндагони  ФФТ  ҳамчунин  ба маросими   ифтитоҳи Ҷоми  Осиё — 2015  ва ба вохӯрии  байни  дастаҳои  мунтахаби Австралия  ва  Кувейт, ки  9  январ  дар   варзишгоҳи   шаҳри  Мелбурн  баргузор  мегардад,  даъват  шудаанд.

Январь 5, 2015 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад