С. Тағойзода: зиёда аз 12 млн. сомонӣ қарзи имтиёзнок барои соҳибкорон

Январь 15, 2015 16:24

 
Душанбе, 15.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  “Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5050 нафар корҷўй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 5346 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуда, 1856 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 12252 нафар шаҳрванди бекор ва корҷўй ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд”,-гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода имрӯз, 15 январ зимни нишасти матбуотӣ. 
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 251570 адад ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 83029 адад (33,0%) ҷойи кории доимӣ, 84910 адад (33,2%) ҷойи кории муваққатӣ ва 83631 адад  (33,2%) ҷойи кории мавсимиро ташкил медиҳанд. 
Бино ба иттилои С. Тағойзода вазорат бо мақсади дастгирии шаҳрвандони бекор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба 3751 нафар шаҳрвандон 12 миллиону 706 ҳаз.686 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 57 нафар ва 794 ҳаз.939 сомонӣ  зиёд буда, нисбат ба  дурнамои барнома ин нишондод 121,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба 2127 нафар занону духтарони бекор дар ҳаҷми 7 миллиону 204 ҳаз.691 сомонӣ ва ба 1410 нафар ҷавонони бекор ба андозаи 4 млн.777 ҳаз.714 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2013 аз ҳисоби занон 237 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 53 нафар зиёд мебошад. 
“Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон 12 млн. 521 ҳаз.882 сомонӣ аз қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013-ум (11.194.957) 1 млн. 326 ҳаз.925 сомонӣ зиёд мебошад”,-илова намуд вазир.  
 

Январь 15, 2015 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст