Сафари Қ.Қоимдодов ба Рига

Январь 26, 2015 12:06

Душанбе,  26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафари  кории  сафири  Тоҷикистон  дар  Беларус  Қозидавлат  Қоимдодов дар Ҷумҳурии  Латвия анҷом  ёфт. Дипломати тоҷик бо  даъвати  ҷониби  Латвия дар  мубоҳисаҳо  аз рӯи  масоили   сиёсати  хориҷӣ  дар  Парлумони  Латвия  иштирок  намуд. 
Зимни  мулоқот  бо Президенти  Латвия  Андрис Берзинш  масоили  муносибатҳои   Тоҷикистону  Латвия мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Президенти Латвия аҳамияти ҳуҷҷатҳои имзошуда дар ҷараёни  сафари  расмиаш  ба  Тоҷикистон  ва дар амал  татбиқ   шудани онҳоро  ба таври  махсус  зикр дод. 
Қ.Қоимдодов дар  ҷараёни гуфтушунид  бо Директори  сиёсии Вазорати  корҳои  хориҷии Латвия  Эдуардс Стипрайс, аз ҷумла,  пешниҳод  намуд, ки  масъалаи дар асоси мутақобила таъйин  кардани  консулҳои  фахрӣ бори дигар   баррасӣ   шавад. Дипломати  Латвия   изҳор  дошт, ки  дар  ҳошияи раёсати Латвия   дар Шӯрои Иттиҳоди  Аврупо, ки  ҳайати  Тоҷикистон  ҳам ба  он  даъват  мешавад, бархе  чорабиниҳои байналмилалӣ   ба нақша  гирифта  шудааст.
Зимни  мулоқот  бо  вазири  маориф  ва  илми Латвия  Марите Сейле  ба  масоили  ташкили   гурӯҳи   муштараки  корӣ  барои  татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ  дар  соҳаи  маориф  ва  илм,  тарбияи  кадрҳо, сафари донишҷӯёну  мутахассион ба  кишварҳои  якдигар таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир гардид.
Алҳол  дар   донишкадаҳои олии  Латвия  беш  аз 20  нафар  шаҳрвандони  Тоҷикистон таҳсил  доранд, ки  сафир  дар  бинои Донишгоҳи техникии  Рига  бо  онҳо  мулоқот  анҷом дод.
Зимни  мулоқот  бо  вазири кишоварзии Латвия Янис  Дуклавс  ва муовини муншии давлатии Вазорати роҳҳои кишвар Улдис  Рейманис масоили  кишоварзӣ ва тақвият  бахшидани  боркашонӣ  тавассути роҳҳои Латвия  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
Дар  анҷоми  сафари  кории сафир бо  роҳбари   гурӯҳи  мусиқии «Барака»- и  шаҳри  Рига Дмитрий  Евсиков  мулоқот анҷом дода  шуд. Мавсуф  ба  тарғиби композитсияҳои  Муборакшо  Мирзошоев,  Наргис  Бандишоева, гурӯҳи  «Шамс» ва  бисёр мутрибону  сарояндагони  дигари  машҳури  тоҷик  дар  Аврупо  машғул  аст.  
 

Январь 26, 2015 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид