Сафари Б. Обама ба Арабистони Саудӣ
Душанбе,26.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тавре ки сухангӯи Кохи Сафеди Амрико Ҷош Эрнест мегӯяд, Президенти Амрико Барак Обама ва ҳамсари ӯ Мишел Обама рӯзи сешанбе 27-уми январи соли 2015 барои мулоқот ва таъзия бо шоҳи нави Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз ба Риёз мераванд.
Лозим ба ёдоварист, ки Президенти Амрико рӯзи якшанбе ба Ҳиндустон сафар намуда, бо нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дидор ва гуфтугӯ карда, баъдан дар маросими ҷашни 65-умин солгарди Рӯзи ҷумҳурӣ ширкат намуд.
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз вазири умури хориҷии АмрикоҶон Керрӣ дар як нишасти иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар барои рӯ задани ихтилофҳои мазҳабӣ ва исломҳаросӣ ҳушдор дод ва хостори ҷудо кардани маблағи бештар барои мубориза бо ифротгароӣ шуд. Гуфта мешавад, ки ҷанде қабл Президенти ин кишвар Франсуа Олланд, ки кишвараш ба тозагӣ ҳаводиси террористиро аз сар гузарондааст, барои мубориза бо терроризм ва ҳамчунин дар муқобили пулшӯӣ ва қочоқи коло сахтгирии бештаре нишон дод.
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта тундравҳои Покистон дар вилояти ҷанубу ғарби Балуҷистони Покистон ба дастгоҳи калони интиқоли неруи барқ ҳамла намуда ва онро аз кор бароварданд. Гуфта мешавад, ки зиёда аз 80 фисади кишвар аз барқ маҳрум мондаанд. Мувофиқи иттилои сухангӯи Вазорати обу барқи Покистон Зафарёб Хон- мақомоти зидахл ба зудӣ харобиро барқарор намуда ва интиқоли неруи барқро оғоз хоҳанд кард.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






