Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ ифтихор аст, на таҳқир!
(Вокуниш ба андешаи Файзинисо Воҳидова)
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Адвокат Файзинисо Воҳидова дар мусоҳибааш зери унвони «Санҷиши донистани забони давлатӣ таҳқир аст» парлумони кишварро ниҳоди шахшуда ва санҷиши донистани забони давлатиро аз ҷониби номзадҳо таҳқир ҳисобидааст.
Ӯ қайд кардааст, ки “ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд”
Муҳтарама Файзинисо Воҳидова! Ин ақидаи Шумо беасос ва хилофи қонун аст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кардааст, ки номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Мҷлиси Олӣ бояд забони давлатиро донанд. Ин талаботи Қонунро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба роҳбарӣ гирифта, санҷиши сатҳи донистани забони давлатиро барои номзадҳо роҳандозӣ намуд. Шумо ҳуқуқшинос ҳастед ва аз қонунҳои кишвар хуб бохабаред. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Чаро ин меъёрҳои қонунро нодида мегиред ва дар ин масъала мардумро ба иштибоҳ мебаред. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад, чӣ гуна қонун таҳия мекунад? Илова бар ин, таҷрибаи санҷиши сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Чаро мардуми дигар давлатҳо аз он хуш пазироӣ мекунанду Шумо онро таҳқир меҳисобед?








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд






