Сарвазири Ҷопон: асиронро раҳо мекунем!

Январь 21, 2015 15:42

     Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз  Сарвазири Ҷопон Шинзо Абе дар як  нишасти хабарӣ ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар гузориш дод, ки Ҷопон барои таъмини раҳоии ду асири созмони «Давлати исломӣ»  тамоми корро хоҳад кард. Гуфта мешавад. ки  «ҳаёти ин ду нафар  дар вазъияти ногувор қарор дорад. Ҷангиёни“Давлати исломӣ”  бар ивази раҳоии ду гаравгони ҷопонӣ аз Ҳукумати Ҷопон 200 миллион доллар хостаанд. 
     Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту- Дей Президенти  Амрико Барак Обама дирӯз дар паёми солонааш эълон кард, ки солҳои ҷанг ва пасрафти иқтисодӣ “сояи бӯҳрон пушти сар шуд ва вазъи кишвар қавӣ шудааст.” Обама аз Конгресси Амрико даъват кард барномаи зербиноии бунёди бандарҳои муосир, кӯпрукҳои пурқувваттар, қаторҳои босуръати роҳи оҳан ва дастрасии боз ҳам зудтар ба Интернетро тасвиб кунад. Гуфта мешавад, ки ин нахустин паёми Президенти демократи Амрико буд, ки ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагон ва Сенат баъди интихоботи моҳи ноябр ин ҳарду маҷлис таҳти назорати ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор гирифтанд. 
       Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта шаҳри Рамодии Ироқ аз сӯи  ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бар асари ин ҳамлаи шадид 9 намояндаи ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ  ҳалок гардида, ҷанд нафари дигар захмӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки  қароргоҳи рӯҳонии баландпояи динии ин кишвар низ ҳадафи гулӯлаборон қарор гирифтааст. 
      Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си шаби гузашта дар қисми шимолу шарқии Ҳиндустон бинои 5 ошёна якбора ба қаъри  замин  фурӯ рафт. Мутаассифона, дар айни ҳол маълум  нашудааст, ки чанд нафар дар зери харобаҳо қарор доранд. Мутахассисони соҳаи зилзиласанҷии кишвар  дар макони ҳодиса фаъолият дошта, сабабҳои фурӯ рафтани биноро муайян менамоянд.
 
 

Январь 21, 2015 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид