Ш. Соҳибов: камбудиҳо ҳоло зиёданд
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 797,5 млн. сомонӣ ё ин ки 99,3 фоизи нақша, бо роҳи ҳисобии байниҳамдигарӣ 1,6 млн. сомонӣ, барои вазифаҳои пойтахт 11,0 млн. сомонӣ, қарзи кӯтоҳмуддат 24,0 млн. сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 834,1 млн. сомонӣ ҷудо шудааст. Ин нуктаро муовини вазири молия Шавкат Соҳибов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Муовини вазир зикр кард, ки дар давраи сипаригардида барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҶТ 217,7 млн. сомонӣ, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати ҶТ 55,0 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 215,5 млн. сомонӣ, ҷамъ 488,2 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардидаанд.
«Вале новобаста аз натиҷаҳои бадастомада ва таъмини барзиёди қисми даромади буҷет, ҳоло ҳам дар ин самт як силсила камбудиҳо ҷой дошта, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пуррра ворид шудаанд»,- гуфт Ш. Соҳибов.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






