Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 201 корфармо

Январь 15, 2015 16:27

Душанбе, 15.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Барои омўзиш ва бозомўзии касбӣ, дар соли 2014 ба101 ҳаз. 116 нафар шаҳрванди бекор, корҷўй ва муҳоҷири меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шуданд, ки 101,0 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ дод. 
Дар ин давра КВД “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 60  нафар  ятимдухтар,  ноболиғони  гирифтори хушунат ва зўроварӣ мебошанд, ба омўзиши касбҳои “Қаннод” (20 нафар), “Дўзанда” (20 нафар)  ва “Асосҳои омўзиши компютер” (20 нафар) ҷалб намуд.
Дар муассисаҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 8752 нафар занону духтарони хонашин ба омўзиши касбҳои «Қолинбоф», “Қуроқдўз”, “Бофанда”, “Гулдўз” ва “Сўзанидўз” ҷалб гардиданд.
Дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2015» бо 201 корфармо шартномаҳои тарафайн баста шуда, ба 4685 нафар  бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд, ки нисбат ба пешгўии барнома 100,1 фоизро ташкил намуд. 
Бино ба гуфтаи вазир дар низоми вазорат 61 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла “Коллеҷи муҳандисӣ-омўзгории шаҳри Душанбе” фаъолият менамояд.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрўз аз рўи 14 самт ва 94 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ мутахассис тайёр менамояд.
“Дар муассисаҳои таълимии мазкур 23550 хонанда таҳсил менамояд. Теъдоди омўзгорон 1346 нафар ва устоҳои таълимӣ истеҳсолӣ 1043 нафарро ташкил менамоянд.
Тавассути курсҳои кўтоҳмуддат дар соли 2014 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 12 415 нафар шаҳрванд ба касбомўзӣ ҷалб шуд”,-хабар дод С.Тағойзода.
 
 
 

Январь 15, 2015 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд