Шартномаи Ҳукумат бо Иттиҳодияи корфармоёни кишвар

Январь 16, 2015 15:22

Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон  ва  Иттиҳодияи  корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 баргузор шуд.
Лоиҳаи созишномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маъқул  дониста шуда, ба  он  аз  ҷониби  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сарвазири мамлакат  Қоҳир  Расулзода, аз ҷониби  Федератсияи  иттифоқхои  касабаи мустақили Тоҷикистон  раиси  Федератсияи  иттифоқхои  касабаи  мустақил  Муродалӣ  Солеҳ ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Иттиҳодия  Азизбек  Шарифов имзо гузоштанд.
Тавре ки таъкид шуд, дар шароити бозори озод  яке аз воситаҳои таъмини суботи  иҷтимоӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва  шарикии иҷтимоӣ буда, ҳамкории  муштараки  мувофиқашудаи  давлат, корфармоён ва мақомоти  намояндагии  кормандон, яъне  иттифоқҳои  касабаро дар бар мегирад.Тибқи  қонунгузорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкорӣ дар шакли созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ ва шартномаҳои коллективӣ амалӣ мешаванд.
Дар маросими ба имзо расонидани Созишномаи генералӣ аъзои Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, иштирок намуданд.
 
 

Январь 16, 2015 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид