Сохтмони кӯпрук дар деҳаи Баҳористон

Январь 21, 2015 11:05

Кӯлоб, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ  дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб сохтмони  кӯпрук ва таъмири иншооти маданиву маишӣ бомаром ҷараён дорад. Дар ҳамин замина дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб бо маблағгузории соҳибкор Бекмурод Ганҷалов ба тарики ҳашар сохтмони кӯпруки калони мошингузар ба анҷом расид, ки дар сохтмони он маблағи 25 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Дар деҳаи мазкур беш аз 385 нафар истиқомат менамояд ва барои ба маркази шаҳр рафтан маҷбур буданд масофаи 4 километрро тай намоянд. Дар айни замон бо сохтани пули мазкур имкони равуои сокинон ба маркази шаҳр осонтар гардид.  
Ҳамчунин дар деҳаи Гулободи ҷамоати мазкур бо дастгирии соҳибкор Раҳмоналӣ Файзалиев сохтмони айвон барои нигоҳдории хезум ва аз ҳисоби кумитаи маҳала таъмири се синфхонаи филиали мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17 идома дорад. 
 
 
 
 

Январь 21, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид