Соли 2014 ҳаҷми ММД баробари 45,6 миллиард сомонӣ буд

Январь 19, 2015 13:43

Душанбе,  19.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Ҳаҷми  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ (ММД) 45,6  миллиард  сомониро ташкил дода, афзоиши  воқеӣ  баробари  6,7  фоиз  буд. 
Мувофиқи  маълумоти  Бонки  миллии  Тоҷикистон, суръати  афзоиши  маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  нисбат ба  соли  2013 баробари  0,7  фоиз  суст  гардид,  ки  сабаби  ин  асосан  коҳиш  ёфтани  омили  талабот  дар иқтисодиёти  ҷаҳон  ва  суръати  сусти афзоиши  иқтисодиёт дар  нимаи  дуюми  соли  гузашта дар  кишварҳои  шарики тиҷоратии Тоҷикистон  аст. 
Қобили  зикр  аст, ки  Ҳукумати  ҶТ  аз  рӯи  натиҷаи  соли  2014    маҷмӯи  маҳсулоти  дохилиро  дар  ҳаҷми  қариб 48  миллиард  сомонӣ  ва  баробари  7,6  фоиз афзоиш  ёфтани онро  дар  назар  дошт. 
Соли  2014  афзоиш  дар  бахши  сохтмон   баробари  25,3  фоиз,  муомилоти  чаканаи  мол  6,5  фоиз,  истеҳсоли  маҳсулоти  саноат  5,1  фоиз,  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ 4,5  фоиз  ва  дар  бахши  хидматрасонӣ  баробари  1  фоиз  буд. 

Январь 19, 2015 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид