Суғд: 70 нафар хатмкунанда-соҳиби шаҳодатнома
Хуҷанд, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд 70 нафар духтар соҳиби шаҳодатномаи хатми марказҳои омӯзишӣ аз Кумитаи Имдод гардид. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии ҶИЭ дар Тоҷикистон Фирдавс Ашурматов иттилоъ дод, 16 январи соли ҷорӣ 30 нафар донишандӯзи маркази дӯзандагӣ, воқеъ дар шаҳри Истиқлол ва 40 нафар дар ноҳияи Мастчоҳ соҳиби гувоҳномаҳои хатм гашт.
Ба гуфти манбаъ, аз оғози фаъолияти марказҳои дӯзандагӣ дар шаҳри Истиклол наздик ба 400 нафар ва дар ноҳияи Мастчоҳ наздик ба 500 нафар духтаракону занони деҳот соҳибкасб шуданд.
Ҳамзамон роҳбари кумитаи мазкур дар Суғд илова намуд, ки кумита дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ин ду минтақа ният дорад дар муддати наздик коргоҳҳои гилембофӣ ва сӯзанидӯзиро низ роҳандозӣ намояд ва ба ин васила баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ ва бо кори доимӣ таъмин намудани духтаракон ва занони ин шаҳру ноҳия мусодат намояд. Алъон дар ин ҷода роҳбарияти шаҳри Истиклолу ноҳияи Мастчоҳ ва роҳбари бахши суғдии ин кумита ба мувофиқа расидаанд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






