Суғд: Афзоиши ошкоршавии чиноятҳо дар соли 2014

Январь 13, 2015 09:54

Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- “Ҳарчанд дар соли 2014 шумораи умумии ҷиноятҳои дар қаламрави вилоят содиршуда нисбат ба соли 2013  — 275 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст (4488),  вале шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда  назар ба соли 2013 — 309 адад зиёд мебошад”. Ин нуктаи назар зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз тарафи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд  генерал — майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таъкид шуд. 
Ба иттилои сардори раёсат, инчунин дар давоми соли 2014 дар вилоят 33 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба соли 2013 (44 адад) ин нишондиҳанда 25% кам буда, дар давраи ҳисоботӣ ғайр аз ин 33 ҷинояти  одамкушӣ боз 11 ҷинояти одамкушии солҳои пешин содир шуда низ ошкор гардид.  
Ҳамзамон дар ин давра 157 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва аз муомилоти ғайриқонунӣ  351,5 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуданд. 
Назарзода Шариф Раҳмон  илова намуд, ки вобаста ба пешгирии  ҷиноятҳои дорои самти террористӣ ва экстремистӣ  дар соли 2014 аз тарафи кормандони милитсияи вилоят  зимни гузаронидани чорабинихои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти муштарак  8 гурӯҳи муташаккили  ҷиноии дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ муайян ва 95 нафар аъзои ин гурӯххо, аз чумла 43 нафар аъзои иттиходи ҷиноии «Ҳаракати  исломии Ӯзбекистон»;  37 нафар аъзои ҷамоати «Ансоруллох»;  9 нафар аъзои ҷамоати «Ҷундулло»;  5 нафар аъзои ҳизби динӣ-экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир»  дастгир шуданд, ки ин имкон дод роҳи содиршавии 9 ҷинояти махсусан хавфноки раванди террористӣ ва экстремистидошта пешгирӣ шавад. 

 
 
 

Январь 13, 2015 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст