Суғд: Бархурдории иштирокчиёни ҶБВ аз кумакпулӣ

Январь 29, 2015 15:00

Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар мутобиқ ба қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кумакпулӣ бархурдор хоҳанд шуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати ҳифзи иҷтимоии вилоят иттилоъ доданд, тибқи қарори роҳбари вилоят, ба муносибати  70 — солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  шурӯъ аз 1 январи соли ҷорӣ хамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида вобаста ба карори ба табъ расида ҳар моҳ баҳри қадршиносиву дастгирии иҷтимоии онҳо ба андозаи 100 сомонӣ аз кумакпулӣ  бархурдор хоханд гашт. 
Бояд зикр намуд, ки дар айни хол  дар вилоят 265 нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 13 нафар ҳамсари бесаробонмонда, 862 нафар шахси дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ меҳнатнамудаи бо ордену медал сарфарозгардида, 298 нафар маъюби бартарафкунандаи садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил, 100 нафар маъюби интернатсионалист, 104 нафар маъюби сохти конститутсионӣ, 293 нафар маъюби артиши Шўравӣ зиндагӣ дорад.
 
 

Январь 29, 2015 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид