Таҳияи 96 барномаи консертӣ дар соли 2014

Январь 23, 2015 10:22

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои эҷодию консертӣ  дар давоми соли 2014 фаъолияташонро дар сатҳи сифатан нав ба роҳ гузоштанд. Аз ҷумла, ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барои чорабиниҳои Рӯзи милитсияи тоҷик, Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Шашмақом, ёдбуди ҳунарпешагон Мастибек Паллаев ва Устоқадам Машрабов, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷаласаи сарони давлатҳои узви СҲШ ва амсоли инҳо барномаҳои рангини консертӣ таҳия намуда, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шӯрообод, Турсунзода, Данғара, Варзоб, Ҳамадонӣ, Роғун ва пойтахти Русия- шаҳри Маскав барномаҳои консертӣ намоиш доданд.
Ба барномаи ҳунарии Филармония 35 суруд, 22 оҳанг ва 10 рақси нав ворид сохта, 60 барномаи консертиро қариб 41000 тамошобин тамошо кард.

Январь 23, 2015 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад