Талабот ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёд аст

Январь 21, 2015 16:37

Душанбе, 21.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” дар соли 2014 ҷиҳати таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат, дастрас намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидани амалиёти иҷораи молиявӣ ва хизматрасонии техникӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оқилона ва самаранок истифода бурдани маблағҳои мавҷуда корҳои назаррасро анҷом дода истодааст,- гуфт Саидмурод Хайриддинов, директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” имрӯз, 21-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Имрӯз талабот тибқи меъёрҳо ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз рӯи сохтори кишт дар шароити рӯз маблағгузории 704 млн. доллари амрикоӣ ё 3,5 млрд. сомонӣ ниёз дорад ва бояд талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техника ва таҷҳизот пурра таъмин  шавад. 
Дар соли ҷорӣ тракторҳои тасмачарх ва байниқатории боғҳо ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ аз хориҷи кишвар дастрас гардида, ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ба тариқи имтиёзнок пешниҳод гардид. Ҷиҳати осон гардонидани дастрасии кишоварзон бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Барои сари вақт ҷамъоварии маблағҳои лизингӣ ситоди доимӣ таъсис дода шуда, мутахассиснои соҳа низ ба он пурра ҷалб шуданд.
 
 

Январь 21, 2015 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад