Таъмини саросарии аҳолӣ дар соли 2015 бо ҳисобкунакҳои барқӣ

Январь 27, 2015 16:34

        Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Эълон кардани соли 2015 ҳамчун «Соли  ҳисобкунакҳои барқӣ» аз ҳадафҳои паст кардани талафоти неруи барқ ва ҳамзамон  таъмин намудани тамоми аҳолии Тоҷикистон  бо ҳисобкунакҳри барқӣ мебошад. Ин нукта  имрӯз, 27 январ зимни нишасти хабарии ШСХК «Барқи тоҷик»  зикр гардид. Ба гуфтаи масъулин надоштани ҳисобкунакҳои барқӣ боиси зиёд шудани талафоти неруи барқ гаштааст, ки он  17, 2%-ро ташкил медиҳад. «Аксарият хонаҳои нав мегиранд, баъзеи дигар худро камбизоат мегирад, қисмати сеюм  ғайриқонунӣ барқро мегирад, вале ҳисобкунак надоранд»,-зикр намуд Раҳматзода Рустам-раиси ШСХК «Барқи тоҷик» имрӯз зимни нишасти хабарӣ.  Роҳбарияти  «Барқи  тоҷик»  иброз дошт, ки нисбат ба кам кардани талафоти неруи барқ дар кишвар чораҳои махсус дида истодаанд.
          Ба гуфтаи масъулини «Барқи тоҷик» дар назар аст дар соли 2015  ҳама гуна ҳисобот оид ба пардохти  зиёд ва ё ками барқ тавассути ҳисобкунакҳо мушаххас мешавад. Ҳамчунин дар робита ба таъмири дубораи ҳисокунакҳои барқӣ гуфта шуд, ки аз ҷумла сокинони пойтахт метавонанд ба шабакаҳои барқии шаҳр муроҷиат намоянд. «Вақте ки ҳисобкунак аз кор мебарояд, назоратчӣ санад тартиб дода, дар асоси ариза дар озмоишгоҳи шабакаи барқӣ онро таъмир мекунанд», — иттилоъ доданд масъулин.
       Дар Тоҷикистон то соли 2014 зиёда аз 1 млн 222 ҳазор муштариёни барқ ба қайд гирифта шудаанд, ки 10%-и онҳо ҳисобкунаки барқӣ  надоранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти «Барқи тоҷик» нисбат ба соли 2013 қарзи аҳолӣ 80 млн сомонӣ зиёд шудааст.
 
 

Январь 27, 2015 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид